LIVE

Португалия бо Фернанду Сантуш 100 бозӣ анҷом дод

Рӯзи 9-уми июн бозии даври севуми Лигаи Миллатҳо дар гурӯҳи А-2 миёни дастаҳои Португалия ва Чехия баргузор шуд. Ин бозӣ барои Фернанду Сантуш ҳамчун сармураббии тими миллӣ садумин гардид.
Дар 100 вохӯрӣ футболбозони португалӣ таҳти роҳбарии ин мутахассис 63 пирӯзӣ ба даст оварда, 21 маротиба мусовӣ анҷом дода, 16 маротиба шикаст хӯрдааст.
23 сентябри соли 2014 Сантуш сармурабии мунтахаби Португалия шуд. Рӯзи 10 июли соли 2016 тими миллии Португалия таҳти раҳбарии ӯ дар даври ниҳоӣ бар мизбони ин мусобиқот тими Фаронса пирӯз шуда,  барои аввалин бор дар таърихи худ қаҳрамони Аврупо шуд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив