LIVE

Португалия – ғолиби Лигаи Миллатҳо

Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, аз мусобиқаи Лигаи Миллатҳо танҳо як мунтахаб роҳхати бозиҳои гурӯҳии Евро-2020-ро соҳиб мешавад. Имрӯз, дар кишвари Португалия бозии финалии Лигаи Миллатҳо миёни яккачинҳои Португалия ва Голландия баргузор шуд. Вохӯрии тимҳо дар варзишгоҳи “Драгау”-и шаҳри Порту баргузор шуда, бо ҳисоби минималии 1:0 ба суди шогирдони Фернанду Сантуш хотима ёфт. Дар ин майдондорӣ ягона голро нимҳимоятгари бошгоҳи “Валенсия” - Гонсалу Гуэдеш дар дақиқаи 60-ум таслими дарвозаи меҳмонон намуда, пирӯзии тимашро таъмин намуд. Ҳамин тавр мунтахаби Португалия аввалин шуда, роҳхати бозиҳои гурӯҳии Евро-2020-ро, ки соли оянда баргузор мешавад, соҳиб гардид. Инчунин мунтахаби Португалия аввалин чемпиони Лигаи Миллатҳо дар таърих гардид.

Лигаи Миллатҳои УЕФА
Финал
Португалия – Голландия 
Гол: 1:0 – 60 Гедеш.
Португалия – Руй Патрисиу, Диаш, Геррейру, Нелсон Семеду, Фонте, Бернарду Силва, Данилу Перейра, Гедеш, Бруну Фернандеш, Вилям Карвалю, Роналду.
Голландия – Силлессен, де Лигт, Блинд, Думфрис, ван Дейк, Депай, де Рон, Бергвейн (ван де Бек, 60), Вейналдум, Бабел (Промес, 46), де Йонг. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив