LIVE

Роберто Мартинес ба Португалия даъват мешавад

Собиқ сармураббии мунтахаби Белгия Роберто Мартинес тасмим гирифтааст, ки як тими дигари Аврупо – Португалияро сарварӣ кунад. 
Мутахассиси 49-солаи испанӣ таваҷҷуҳи Федератсияи футболи Португалияро ба худ ҷалб кардааст, ки метавонад ба ҷои Фернандо Сантуш, ки пас аз Ҷоми ҷаҳонии футбол барканор шуда буд, интихоб шавад. 
Қайд карда мешавад, ки Мартинес, ки қаблан «Эвертон»-ро роҳбарӣ мекард, ҳанӯз тасмим нагирифтааст, ки дар сатҳи клуб ё дар сатҳи тими миллӣ фаъолияти худро идома медиҳад. 
Мартинес пас аз анҷоми Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар мақоми сармураббии тими миллии Белгияро тарк кард. Дастаи ӯ дар чаҳоргона бо Хорватия, Марокаш ва Канада мақоми севумро касб кард.
Португалиягиҳо ба даври чорякфиналии мусобиқот роҳ ёфта, аз Марокаш бо ҳисоби 0:1 шикаст хӯрданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив