LIVE

Файзалӣ Сардоров корномаи худро дар тими "Столитса"-и Белорус идома медиҳад

Узви мунтахаби футзали Тоҷикистон ва сарвони бошгоҳ "Соро компания"-и Душанбе Файзалӣ Сардоров ба дастаи "Столитса"-и Белорус қарордоди ҳамкорӣ имзо кард.
Интизор меравад, ки пас аз чанд рӯз Файзалӣ ба ҳайати дастаи нави худ мепайвандад. Ёдовар мешавем, ки тими "Столитса" дар Суперлигаи Белорус ҳунарнамоӣ мекунад.
Интизор меравад Файзалӣ Сардоров бозии аввали худро дар ҳайати дастаи ҷадидаш 21-уми январ дар даври 12-уми Чемпионати Белорус доир кунад.
Ёдовар мешавем, ки Файзалӣ Сардоров аз соли 2018 инҷониб шарафи дастаи мо, "Соро компания"-ро ҳимоя мекард.
Роҳбарият, ситоди мураббиён, ҳайати бозингарон ва кормандони бошгоҳи "Соро компания" дар идомаи корномаи варзишӣ капитани даста, барору комёбӣ хоҳонанд!

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив