LIVE

Дилшод Саломов ба ҳайати "Соро компания" пайваст

Собиқ бозигари дастаи "Сипар"-и шаҳри Хуҷанд,  Дилшод Саломов ба ҳайати қаҳрамони кишвар бошгоҳи "Соро компания" пайваст. Маросими бастани қарордоди ҳамкорӣ дар қароргоҳи бошгоҳи "Соро компания" баргузор гардид. Дар маросими бастани шартнома президенти бошгоҳ Тоҷиддин Давлатов иштирок намуданд. Ҷонибҳо қарордодро барои як сол имзо  намуданд.


Пас аз бастани шартнома Саломов чунин ибрози назар кард:
"Воқеан ҳам дастаи "Соро компания" яке аз беҳтарин бошгоҳ дар кишвар мебошад. Барои ман ифтихор аст, ки шарафи чунин дастаро ҳимоя кунам. Айни замон тамоми бозигарон дар Тоҷикистон орзуи дар ин тим бозӣ карданро доранд. Ҳамаи кӯшишу талоши худро ба харҷ медиҳам, то дар пешрафти даста саҳм гузорам. Ташаккур ба роҳбарияти "Соро компания", ки маро ба ҳайати худ шомил намуданд".

Дилшод Саломов корномаи касбии худро соли 2014 дар дастаи "Газпром"- и Душанбе оғоз намуда, то соли 2016 шарафи ин тимро ҳимоя кардааст. Солҳои 2016-2017 дар дастаи "Диси Инвест" маҳорати худро сайқал дода, дар баробари ин бо дастаи мазкур ду сол пай дар пай қаҳрамони Тоҷикистон гардидааст. Сар аз оғози мавсими соли 2018 то соли 2021 Дилшод дар дастаи "Сипар"-и шаҳри Хуҷанд бозӣ мекард. Дар соли 2020 бо дастаи мазкур ӯ қаҳрамон ва барандаи Суперҷоми Тоҷикистон гардидааст. 
Беҳтарин футзалбоз ва ҳимоятгар дар соли 2020 дар мамлакат эътироф шудааст.

Дилшод Саломов аз соли 2013 инҷониб дар ҳайати тими миллии футзали меҳан бозӣ дорад. Аз соли 2018 то ин дам  дастбанди капитании тими миллиро соҳиб аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив