LIVE

Роналду - сермаоштарин бозингар дар таърихи футбол шуд

Ҳамлагари «Ал-Нассра» Криштиану Роналду бо назардошти шартномаҳои таблиғотӣ, дар як мавсим тақрибан 200 миллион евро ба даст меорад, ки ин бузургтарин маблағ дар таърихи футбол аст.
Маоши Роналдуи 37-сола тибқи қарордод бо бошгоҳи Арабистони Саудӣ аз 100 миллион евроро кам нест ва боқимондаи маблағ аз ҳисоби татбиқи лоиҳаҳои тиҷоратӣ ба даст оварда мешавад. 
Футболбози португалӣ барои 2, сол шартнома баст. Бо ин ҳол, ӯ то соли 2030 нақши сафири Арабистони Саудиро дар мизбонии Ҷоми ҷаҳонии футбол дар соли 2030 иҷро хоҳад кард.

Ёдовар мешавем, ки дар моҳи ноябри соли 2022 Роналду шартномаашро бо "Манчестер Юнайтед" қатъ кард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив