LIVE

Роналду метавонад бо “Ал-Наср” то соли 2030 шартнома бандад.

Дар доираи қарордоде, ки феълан муколамааш идома дорад,  Криштиану то тобистони соли 2025 бозӣ мекунад ва сипас сафир ё худ намояндаи кишварҳои Арабистони Саудӣ, Миср ва Юнон барои баргузории Ҷоми ҷаҳони футбол дар соли 2030 мешавад. 
Яъне Роналду талош мекунад, ки ин кишварҳо Чемпионати Ҷаҳони соли 2030-ро мизбонӣ кунанд.   
Ҳамзамон, барои ба даст овардани мизбонии ин мусобиқа Португалия низ дар ҳамбастагӣ бо кишварҳои Испания ва Украина дархост пешниҳод кардаанд. 
Ёдовар мешавем, ки сар аз соли 2026 Ҷоми Ҷаҳони футбол якбора дар се кишвар бо иштироки 48 даста баргузор мешавад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив