LIVE

ФИФА санаи нави фурӯши билетҳои ҶҶ Қатар-2022-ро эълон кард

Федератсияи байналмилалии футбол (ФИФА) дар сомонаи худ санаи нави фурӯши билетҳоро барои мухлисон ҷиҳати вуруд ба варзишгоҳҳои Қатар дар Ҷоми ҷаҳонии футболро эълон кард.
Дар марҳилаи фурӯш се навъи билетҳо дастрас хоҳанд шуд: билетҳо барои бозиҳои алоҳида, силсилаи билетҳо барои бозиҳо бо иштироки дастаи мушаххас ва силсилаи билетҳо барои бозиҳои дар чор варзишгоҳ. Фурӯш рӯзи 23 март соати 13:00 ба вақти Қатар (баробар ба соати 15:00 вақти Душанбе) оғоз шуда, то нисфирӯзии 29 март бо вақти маҳаллӣ идома хоҳад кард. Пас аз харидорӣ, ҳамаи мухлисони хориҷӣ бояд нақшаҳои будубоши худро дар Қатар пешниҳод кунанд, то ба кишвар ворид шаванд ва ба варзишгоҳҳо дастрасӣ пайдо кунанд.
Ёдовар мешавем, ки ФИФА маҳдудиятҳои хариди билетҳоро нисбат ба мусобиқоти қаблии ҷаҳонӣ сабуктар кардааст. Акнун як нафар метавонад барои як бозӣ то 6 билет ва барои тамоми мусобиқа то 60 билет фармоиш диҳад. Чемпионати ҷаҳон оид ба футбол аз 21 ноябр то 18 декабри соли 2022 дар Қатар баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив