LIVE

Ё Италия ё Португалия ба финали ЧҶ-2022 роҳ намеёбад

Қуръакашии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳони футбол-2022 баргузор шуд. Дар рафти қуръакашӣ се роҳ муайян карда шуд, ки дар онҳо барои роҳхатҳо ба марҳилаи ниҳоӣ мубориза мебаранд. 
Роҳи "А" Шотландия, Украина, Уэлс ва Австрияро дар бар мегирад. Дар даври ниманиҳоӣ дастаҳои Шотландия – Украина ва Уэлс – Австрия бозӣ хоҳанд кард. Ғолибони даври ниманиҳоӣ дар даври ниҳоӣ бозӣ карда, барои дарёфти роҳхат ба ин мусобиқа талош хоҳанд кард.
Дастаҳои мунтахаби Русия, Полша, Шветсия ва Ҷумҳурии Чех дар роҳи "Б". Русия дар даври ниманиҳоӣ бо Полша ва Шветсия бо Чехия бозӣ хоҳанд кард.
Дар роҳи «С» дастаҳои миллии Италия, Македонияи Шимолӣ, Португалия ва Туркия баромад мекунанд. Дар даври ниманиҳоӣ Италия бо Македонияи Шимолӣ ва Португалия бо Туркия бозӣ хоҳанд кард. Плей-офф  баҳори соли 2022 баргузор мешавад. Марҳилаи ниҳоии Ҷоми ҷаҳони футбол моҳи ноябри соли 2022 баргузор мешавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив