LIVE

Қуръакашии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 баргузор шуд

7-уми декабр дар қароргоҳи ФИФА, воқеъ дар шаҳри Сюрихи Швейтсария маросими қуръакашии даври интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 дар минтақаи Аврупо баргузор шуд. Дар чорабинӣ нобиғаҳои футбол Даниэле Де Росси (Италия) ва Рава ван дер Варт (Нидерландҳо) иштирок карданд.

Натиҷаҳои қуръакашӣ:

Гурӯҳи A: Португалия, Сербия, Ирландия, Люксембург, Озарбойҷон;

Гурӯҳи B: Испания, Шветсия, Юнон, Гурҷистон, Косово;

Гурӯҳи C: Италия, Швейтсария, Ирландияи Шимолӣ, Болгария, Литва;

Гурӯҳи D: Фаронса, Украина, Финляндия, Босния ва Ҳерсеговина, Қазоқистон;

Гурӯҳи E: Белгия, Уэлс, Чехия, Беларус, Эстония;

Гурӯҳи F: Дания, Австрия, Шотландия, Исроил, Ҷазираҳои Фарер, Молдова;

Гурӯҳи G: Нидерландҳо, Туркия, Норвегия, Черногория, Латвия, Гибралтар;

Гурӯҳи H: Хорватия, Словакия, Россия, Словения, Кипр, Малта;

Гурӯҳи I: Англия, Полша, Венгрия, Албания, Андорра, Сан-Марино;

Гурӯҳи J: Олмон, Руминия, Исландия, Македонияи Шимолӣ, Арманистон, Лихтенштейн;

Ба даври ниҳоии Ҷоми ҷаҳон ғолибони гурӯҳҳо (10 даста) ва 3 дастае, ки дар плей-офф ғолиб мешаванд, роҳхат мегиранд. Дар плей-офф 10 дастае, ки дар гурӯҳҳо ҷойҳои дуюмро мегиранд ва 2 даста аз байни ғолибони Лигаи миллатҳо иштирок хоҳанд кард.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив