LIVE

Рӯзи қуръакашии гурӯҳии ҶҶ-2022 маълум гашт

Дар сомонаи расмии FIFA қуръакашии гурӯҳии ҶҶ-2022 аз қораи Аврупо нашр гардид, ки дар он гурӯҳҳо ба сабадҳо тақсим шудаанд. Қуръакашӣ рӯзи 7 декабр, дар шаҳори Сюрихи Швейтсария баргузор мегардад. Дар марҳилаи ниҳоӣ, ки дар Қатар баргузор мегардад, 13 даста аз 55 тим, ки аз он, 10 тоаш ғолиби гурӯҳҳо мебошанд ва 3 тими дигар иштирокчиёни марҳилаи плей-оф маҳсуб мешаванд, роҳ меёбанд. 10 тими дигаре, ки дар ин марҳила ҷойҳои дуюмро мегиранд, бо назардошти беҳтарин нишондод дар Лигаи миллатҳои Аврупо – 2020/21 бозӣ хоҳанд кард.

Сабади 1:  Белгия, Фаронса, Англия, Португалия, Испания, Италия, Хорватия, Дания, Олмон, Ҳолланд.

Сабади 2: Швейтсария, Уэлс, Лаҳистон (Полша), Шветсия, Австрия, Украина, Сербия, Туркия, Словакия, Руминия.

Сабади 3: Россия, Венгрия, Ирландия, Чехия, Норвегия, Ирландияи Шимолӣ, Исландия, Шотландия,  Юнон, Финляндия.

Сабади 4: Босния ва Герсеговина, Словения, Черногория, Македонияи Шимолӣ, Албания, Булғористон, Исроил, Беларусия, Гурҷистон, Люксембург.

Сабади 5: Арманистон, Кипр, Ҷазираҳои Фарер, Озарбойҷон, Эстония, Косово, Қазоқистон, Литва, Латвия, Андорра.

Сабади 6: Малта, Молдова, Лихтенштейн, Гибралтар ва Сан-Марино.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив