LIVE

Қуръакашии бозиҳои гузаришии ҶҶ-2022 кай доир мешавад?

Имрӯз, 26 ноябр, соати 21:00 ба вақти Душанбе маросими қуръакашии бозиҳои гузаришии марҳилаи интихобии Ҷоми ҷаҳон-2022 баргузор мешавад.

12 даста рақибони худро пайдо мекунанд. Онҳо ба ду сабад тақсим мешаванд:

Сабади 1: Италия, Португалия, Русия, Уэлс, Шветсия, Шотландия.

Сабади 2: Австрия, Полша, Македонияи Шимолӣ, Туркия, Украина, Чехия.

Дар қуръакашӣ аввал ҷуфтҳои ниманиҳоӣ ва сипас ҷуфтҳои ниҳоии бозиҳои гузаришӣ муайян карда мешаванд. Дар натиҷа аз 12 довталаб 3 даста имкони баромадан ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро пайдо мекунанд.

Қобили зикр аст, ки бо қарори УЕФА  мунтахабҳои Русия ва Украинаро ҷудо карданд.

Бозиҳои гузаришӣ 24 ва 29 марти соли 2022 ба нақша гирифта шудааст. Шабакаи ТВ Футбол мустақиман маросими қуръакаширо пахш месозад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив