LIVE

Иштирокчиёни марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо маълум шуданд

Ҳамаи дастаҳои иштирокчии даври гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои УЭФА дар мавсими 2021/2022 муайян гардиданд. Охирон дастаҳои ба даври гурӯҳӣ роҳ гирифта, «Ред Булл Залтсбург», «Шериф» ва «Шахтёр» мебошанд.

Рӯйхати умумии иштирокчиёни даври гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳо ба таври зайл аст:


Сабади якум— «Челси», «Манчестер Сити» (ҳарду — Англия), «Вилярреал», «Атлетико» (ҳарду — Испания), «Бавария» (Германия), «Интер» (Италия), «Лилл» (Фаронса), «Спортинг» (Португалия);


Сабади дуюм — «Реал», «Барселона», «Севиля» (ҳама — Испания), «Манчестер Юнайтед», «Ливерпул» (ҳарду — Англия), «Пари Сен-Жермен» (Фаронса), «Ювентус» (Италия), «Боруссия» (Дортмунд, Германия);


Сабади сеюм — «Порту», «Бенфика» (ҳарду — Португалия), «Аякс» (Нидерландия), «Лейптсиг» (Германия), «Ред Булл Залтсбург» (Австрия), «Аталанта» (Италия), «Зенит» (Русия), «Шахтёр» (Украина);


Сабади чорум — «Милан» (Италия), «Динамо» (Киев, Украина), «Брюгге» (Белгия), «Янг Бойз» (Швейтсария), «Малмё» (Шветсия), «Волфсбург» (Германия), «Шериф» (Молдавия), «Бешикташ» (Туркия).


Ёдовар мешавем, ки қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои УЕФА 2021/22 имшаб дар шаҳри Истанбули Туркия соати 21:00 бо вақти Душанбе оғоз мешавад. Шабакаи ТВ “Футбол” ин маросимро мустақиман пахш мекунад. Маросими қуръакаширо Андрей Аршавин ва Майкл Эссйен ифтитоҳ мекунанд.


Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив