LIVE

Оғози бозиҳои Boxing day дар Англия.

Баъд аз анҷоми қаҳрамонии Ҷаҳон, чемпионатҳои миллии кишварҳои аврупоӣ дигарбора идома мекунанд. Аввалин шуда клубҳои футболи Англия ба майдон бармегарданд.

Дар Англия шуруъ аз 19-уми декабр то 1-уми январ бозиҳо таҳти номи Boxing day баргузор мешуданд, аммо имсол бо сабаби чемпионати Ҷаҳон дар Қатар бозиҳои  Boxing day аз рӯзи 26-ум оғоз хоҳанд шуд.

Агар мо ба исми Boxing day таваҷҷуҳ намоем, “рӯзи қутиҳо” мебошад, аммо барои кишварҳои Бритониёи Кабир ин санаи муҳим ва рӯзи тақдими туҳфаҳо ном бурда мешавад.

Примйер Лигаи Англия дар рӯзи тақдими туҳфаҳо бо ташкили бозиҳои ҷолиб таъби мухлисони футболро дар рӯзҳои соли нав болида карда мехоҳад.

Бозиҳои даври 17-уми Чемпионати Англия рӯзи 26-уми декабр оғоз мешаванд, аммо бо гузашти ҳар се рӯз дастаҳо боз рақобатҳои навбатиро анҷом медиҳанд, ки то рӯзи 4-уми январ се давр баргузор мешавад.

Дар ин миён бозиҳое ҳастанд, ки моро маҷбур мекунанд, то дар назди экранҳо нишаста онҳоро тамошо намем.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив