LIVE

Рӯзи бозгашти Ла Лига маълум шуд

Дар Испания ба варзишгарон иҷозат доданд, ки шуруъ аз 4-уми май тамринҳои худро шуруъ намоянд. Дар пайи ин дастур дастаҳои шомили  Ла Лига бозиҳои худро аз 5-ум ё 12 июн  бидуни даъвати мухлисон ба варзишгоҳ идома медиҳанд.  Сарвазири Испания - Педро Санчес дар изҳороти худ дар масъалаи вируси тоҷ хабар додааст, ки варзишгарони ҳирфаӣ метавонанд аз 4-уми май ба тамринҳо баргарданд. Аммо талаботҳои гигиенаи шахсиро ҷиддӣ риоя кунанд. Шӯрои олии оид ба варзиш зимни як паём Вазорати тандурустии кишварашро огоҳ намуд, ки имкони идомаи бозиҳои Ла Лига мавҷуд аст ва нақшаҳоро пешниҳод кардааст. Тавре гуфта мешавад, тамоми бозиҳои Чемпионати Испания танҳо дар 4 варзишгоҳ гузаронида мешавад. Шуруъ аз 4-уми май дастаҳо ба тамрингоҳҳои худ бармегарданд, аммо ситоди кормандон ва ҳатто мураббиён дар варзишгоҳҳо кам карда мешавад. Шуруъ аз 18-уми май машқҳои инфиродӣ ба ҷуфтӣ табдил дода мешавад, ки дар майдон 6 нафар тамринро якҷоя мегузаронанд ва дар сурати беҳтар шудани ҳолат аз 25-уми май шумораи бозигарон дар тамрин ба 8 адад расонида мешавад. Марҳилаи омодагии асосӣ аз 1-уми июн расман оғоз мешавад, агар хурӯҷи коронавриус дар Испания коҳиш ёбад. Бозиҳо 5 ё 12-уми июн оғоз мешаванд, ки дар он ҳолат дастаҳо дар кадом сатҳ омодаанд, муҳим нест.  

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив