LIVE

Зарари Boxing Day ба 74 футболбоз

Дар рӯзҳои таҷлил аз Boxing Day дар ПЛА 74  бозигар аз ҷумла 9 футболбози як бошгоҳ, ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардоштаанд. Намояндагони ВАО-и Англия зарари ташкили бозиҳои маъруф бо номи Boxing Day-ро барои дастаҳои Премйер-лига ҳисоб карда баромаданд. Шуруъ аз  21-уми  декабри соли 2019 то 2-юми январи 2020 дастаҳо 4 бозигӣ анҷом доданд, ки дар ин фурсат 74 футболбоз бо иллати лат бардоштан аз саф канор рафтанд. Дар як рӯз ба ҳисоби миёна накамтар аз 6 тан аз бозигар осеби ҷисмонӣ дидаанд. Зарири бештар ба дастаи «Нюкасл» расидааст, ки 9 футболбози дастаи мазкур ҷароҳат бардоштаанд.  Аз дастаи «Борнмут» 6 нафар, «Тоттенхэм», «Челси» ва «Кристал Пэлас» 5 нафарӣ, «Бернли», «Шеффилд Юнайтед» ва «Вулверхэмптон» як нафарӣ ҷароҳат бардоштаанд. 
Ёдовар мешавем, ки ҷароҳати вазнинро дар ин муддат Калум Чэмберс аз «Арсенал», Весли Мораес ва Том Хитон ҳарду аз  «Астон Вилла» бардоштаанд, ки мавсим барои онҳо қабл аз муҳлат ба аноҷм расид. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив