LIVE

«Ман Сити» аз пойгаҳи қаҳрамонӣ афтид

Дар даври 19-уми Премйер-лигаи Англия  «Вулверхэмптон» дар хонааш бар муқобили «Манчестер Сити» ҳангома нишон доду ба мухлисонаш ҷашни ҳақиқии Boxing Day туҳфа кард. Бозӣ дар Вулверхэмптон дар варзишгоҳи  «Молине»  баргузор шуда, бо ҳисоби 3:2 ба пирӯзии соҳибони замин ба аноҷм расид. Шуруъ аз дақиқаи 12-ум «Сити» 10 нафар монд, зеро дарвозабон Эдерсон аз майдон ронда шуд.   Бо вуҷуди ин ҳамлагари англис Раҳим Стерлинг ду гол зада, меҳмонон бартариро дар даст доштанд. Дар идомаи рақобат Адам Траоре, Раул Хименес ва Мэтт Доэрти голзанӣ намуда, ғалабаи ҳангомавии «Вулверхэмптон»-ро дар муқобили қаҳрамони кунунии чемпионат ба даст оварданд. «Манчестер Сити» баъд аз нокомии навбатиаш дар мақоми сеюми ҷадвали умумӣ боқи монд.  «Вулверхэмптон» бошад, ба зинаи панҷум баромад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив