LIVE

«Ман. Сити» бар «Ливерпул» ғолиб шуда, ба даври 1/4 финали Ҷоми лига баромад

Вохӯрии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Лигаи футболи Англия, ки дар он «Манчестер Сити» дар майдони худ «Ливерпул»-ро қабул кард, ба анҷом расид. Дастаҳо дар варзишгоҳи «Иттиҳад» бозӣ карданд. 
Ҳисоб дар дақиқаи 10-уми вохӯрӣ боз шуд – ҳисобро ҳамлагари норвегиягӣ - Эрлинг Ҳоланд боз намуд. Пас аз 10 дақиқа дарвозаи мизбононро ҳамлагари “Ливерпул” Фабио Карвалю бо зарбаи худ рахна сохт.
Дар дақиқаи 47-ум Риёз Маҳрез шаҳриҳоро боз ба пеш баровард. Муҳаммад Салоҳ тӯби дуюми меҳмононро зада, боз ҳисоб баробар шуд. Шогирдони Хосеп Гвардиола боз бартариро ба даст гирифтанд.  Натан Аке муаллифи голи ғалабаовар шуд. Дар натиҷа мизбонон бо хисоби 3:2 ғалаба карданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив