LIVE

Ғалабаи «Арсенал» бар «Ливерпул»

Бозии марказии даври 36-уми Премйер Лигаи Англия  ин рақобати  дастаҳои  «Арсенал» ва «Ливерпул» ба ҳисоб меравад. Ин  дидор дар варзишгоҳи Эмирейтс баргузор шуда, бо ҳисоби 2 бар 1 ба суди   соҳибони майдон хотима ёфт.  Дар дақиқаи 20-ум Садио Мане  дастаашро  ба пеш баровард.   Дар дақиқаи 32-юм  Александр Ляказетт  ҳисобро   баробар кард. Пеш аз ба танаффус баромадан Рейсс Нелсон низ  ба рахна кардани дарвозаи  «Ливерпул» даст ёфта,  тимшро бартарӣ дод. Дар қисмати дуюми вохӯрӣ дигар  футолбозони ҳарду тим    ба задани гол  мушарраф нагаштанд. «Ливерпул» дар ду даври охири чемпионат ғалаба карда наметавонад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив