LIVE

«Ман Сити» дар Иттиҳод қаҳрамонро меҳмондорӣ кард

Дар даври 32-юми чемпионати Англия «Манчестер Сити» дарвозаи «Ливерпул»-ро голборон кард. Бозӣ дар варзишгоҳи Иттиҳоди Манчестер баргузор гардид. Ҳисоб дар миёнаи қисмати аввали дидор кушода шуд. Дар дақиқаи 25-уми рақобат довар пеналтӣ таъин кард, ки  Кевин Де Брёйне онро ба хуби иҷро кард. Дар дақиқаи 35-уми вохӯрӣ Раҳим Стерлинг бори дуюм тӯбро вориди тӯри дарвозаи меҳмонон сохт. Ҳамлагари навтулуъи “Ман Сити” Филипа Фоден дар охири қисми аввали дидор голи сеюмро ба дарвозаи қаҳрамони ҷадиди Премйер лига сохт.  Дар нимаи дуюми бозӣ ниммуҳофизатгари  «Ливерпул» Алекс Окслейд-Чемберлен билохира ба задани як гол даст ёфт, вале он ҳам ба дарвозаи дастаи худ. Сар аз соли 1998 ин аввалин бор аст, ки дастаи барвақтар қаҳрамоншуда бо ҳисоби калон шикаст мехурад. «Ливерпул» 7 давр қабл аз аҷноми чемпионат унвони чемпиониро ба даст овард. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив