LIVE

“Ливерпул” ба даври ¼ ниҳоии Ҷоми Англия баромад

Бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Англия, ки дар он “Ливерпул” дар майдони худ тими “Норвич Сити”-ро қабул кард, ба анҷом расид. Вохӯрӣ дар Ливерпул дар варзишгоҳи «Энфилд» баргузор шуда, бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 2:1 анҷом ёфт. Дар ҳайати ғолибон Такуми Минамино дублро ба қайд гирифт. Голи ягонаро аз тими “Норвич Сити”- Лукас Рупп зад. Ҳамин тариқ, «Ливерпул» ба даври чорякфиналии Ҷоми Англия баромад.  Қаблан дар сафар «Ливерпул» бар «Шрусбери Таун» (4:1) ва «Кардифф Сити» (3:1) пирӯз шуда буд. Ғолиби феълии Ҷоми Англия “Лестер” мебошанд, ки дар финали соли 2021 бар «Челси» бо ҳисоби 1:0 ғалаба карда буд. Арсенал аз ҳама бештар барандаи Ҷоми Англия - 14 маротиба шудааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив