LIVE

Хорватия ба гирифтани мақоми семю дар Қатар даст ёфт.

Бозӣ барои ҷойи севуми Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар баргузор шуд, ки дар он дастаҳои мунтахаби Хорватия ва Марокаш рақобат карданд.

Дастаҳо дар варзишгоҳи байналмилалии Халифа дар Доҳа вохӯрданд.  Мунтахаби Хорватия зуд пешсаф шуд, ки дар дақиқаи панҷум пас аз интиқоли Иван Перешич ҳимоятгар Йоско Гвардиол тӯбро бо сар ба дарвоза равон кард - 1:0. 
Пас аз ду дақиқа марокашиҳо ҳисобро баробар карданд – ҳимоятгар Ашраф Дарӣ гол зад. 

Дар дақиқаи 42-юм Хорватия ба шарофати голи Мислав Орсич боз пешсаф шуд.
Дар қисми дуюм ҳисоб тағйир наёфт. 2:1 - тими 🥉 Хорватия барандаи медали биринҷии чемпионати ҷаҳон дар Қатар шуд. Ин даста дар Руссия нуқра ба даст оварда буд. Хорватиҳо дар чемпионати соли 1998 низ мақоми сеюмро ишғол карда буданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив