LIVE

Жиру баъд аз Чемпионати Ҷаҳон низ дар "Милан" мемонад

Ҳамлагари мунтахаби Фаронса ва тими “Милан” Оливйе Жиру шартномаи худро бо бошгоҳи итолиёвӣ пас аз анҷоми Ҷоми ҷаҳонии 2022 дар Қатар тамдид мекунад.
Ҳамлагари фаронсавӣ мехоҳад, ки қарордодашро бо “Милан” тамдид кунад ва дар ояндаи наздик тамоми санадҳо имзо хоҳанд шуд.
Жиру диққати худро ба Ҷоми ҷаҳонии Қатар равона кардааст, аммо ҳавасманд аст, ки дар тими Италия бимонад.

Футболбози 36-солаи фаронсавӣ соли 2021 ба “Милан” гузашт. Якҷоя бо ин даста дар соли 2022 қаҳрамони Италия шуд. 
Жиру дар “Милан” 57 бозӣ анҷом дода, ба задани 23 гол даст ёфтааст. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив