LIVE

Жиру ва "Челси" мавқеи худро муайян карданд

Сомонаи расмии бошгоҳи “Челси”-и Англия хабар медиҳад, ки муҳлати шартномаи ҳамкорӣ бо ҳамлагар - Оливйе Жиру тамдид карда шуд. Жиру барои як мавсими дигар таҳти пироҳанҳои ин бошгоҳи лондонӣ ҳунарнамоӣ хоҳад кард. “Қабл аз танаффус Жиру нишон дод, ки чӣ гуна бозигари бомаҳорат ва калидӣ аст. Баъди ҷароҳати Тэми Абраҳам ҳуҷумҳои дастаро бар дӯш гирифт.  Ҳам ба дарвозаи “Тоттенхэм” гол зад ва ҳам барои берун кардани “Ливерпул” аз Ҷоми Англия кӯмак расонд” – омадааст дар изҳороти дастаи “Челси”. Оливйе Жиру зимистони соли 2018 аз дастаи “Арсенал” ба “Челси” омада, 39 маротиба дар ҳайати асосӣ ва 37 бори дигар дар ҳайати захиравӣ ба майдон баромадааст. Ҳамчунин ба задани 21 гол  даст ёфтааст. Бо “Челси” Жиру  дар Ҷоми Англия ва Лигаи Аврупо пирӯз шуда, дар ҳайати мунтахаби Фаронса соли 2018 қаҳрамони ҷаҳон гардидааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив