LIVE

Англия дар марҳилаи 1/4 ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон бо Фаронса рақобат мекунад

Англия бидуни мушкилӣ Сенегалро мағлуб намуд.  Ду бозии даври 1/8 ниҳоии Ҷоми Ҷаҳон-2022 доир шуданд.

Дар ин миён дастаҳои мунтахаби Англия ва Сенегал барои дарёфти роҳхати даври навбатӣ мубориза бурданд. Дар дақиқаи 38-уми бозӣ Ҷордан Хендерсон ҳисобро боз намуд.

Қабл аз ба танаффус баромадан, Гарри Кейн шумораи голҳои Англияро ба ду расонид. Дар қисми дуюми майдондорӣ Сака ба натиҷаи ин дидор нуқта гузошт ва Англия бо се голи беҷавоб Сенегалро мағлуб намуд.

Акнун дар даври ¼ ниҳоӣ Ммунтахаби Англия бо тими миллии Фаронса рақобат мекунанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив