LIVE

Пике ба дархости "Барса" барои бозӣ бо "Осасуна" ворид карда шуд

Ҳимоятгари дастаи “Барселона” Жерар Пике ба ҳайати даста барои бозии дарпешистодаи Ла Лига бо “Осасуна” шомил шудааст.

Ин футболбози 35-сола қаблан эълон карда буд, ки фаъолияташро цатъ мекунад. Пике эълон кард, ки бозӣ бо "Алмерия" (2:0) дар даври 13-уми Ла Лига охирин бозии ӯ хоҳад буд. Қайд карда мешавад, ки ҳимоятгар ба далели мушкилоти кадрӣ дар ҳайати даста барои вохӯрӣ бо "Осасуна" ба дархост ворид карда шудааст.

Ёдовар мешавем, ки Пике дастпарвари «Барселона» аст.
Вохӯрии "Барса" ва "Осасуна" дар Памплона имрӯз, 8 ноябр, соати 01:30 ба вақти Душанбе оғоз мешавад ва дар шабакаи ТВ Варзиш мустақиман пахш мегардад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив