LIVE

Миёни Шакира ва Пике чӣ мегузарад

Овозхони маъруфи колумбиягӣ Шакира аз ҳимоятгари тими “Барселона” Жерар Пике ҷудо шудан мехоҳад, хабар медиҳад El Periodico.
Овозхони 45-сола фаҳмидааст, ки Пике ӯро бо занҳои дигар хиёнат мекунад. Пас аз ин футболбоз ба манзили кӯҳнаи худ кӯчид ва танҳо зиндагӣ мекунад.
Қайд карда мешавад, ки Пикеи 35-сола бо ҳамдасташ Рики Пуч зуд-зуд меҳмони клубҳои шабона мегаштаанд. Ва дар чунин марказҳои дилхушӣ Жерар Пике бо ҳамроҳии занони дигар ба мушоҳида расидааст.  Пике ва Шакира ду фарзанд доранд, аммо расман издивоҷ накардаанд. Ёдовар мешавем, ки Пике аз ситораи дурахшони олами мусиқӣ - Шакира 10 сол хурд аст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив