Ҳимоятгари “Барселона” - Жерар Пике иқрор кард, ки пас аз мусовӣ бо “ПСЖ” дар бозии ҷавобии 1/8 финали Лигаи Чемпионҳо аз тими худ ифтихор мекунад.
"Натиҷаи бозии дуюм назар ба вохӯрии аввал муваффақияти калон маҳсуб мешавад. Ман аз даста фахр мекунам. Барои мавсими имсола бояд бисёр мубориза намоем ва мо то охир мубориза хоҳем бурд. Мо ба сари баланд ба муборизаи худ идома медиҳем!" - навиштааст Пике дар Твиттери худ.