LIVE

Антонио Конте “Ювентус” аз мо метарсад

Сармураббии "Интер" Антонио Конте пас аз бозӣ бо “Ювентус “(0: 0, бозии аввал - 1: 2) дар Ҷоми Италия назарашро чунин баён кард.  

“Ман гумон мекунам, ки  мо бояд лаҳзаҳои голзаниро самаранок истифода кунем. Дар тӯли 180 дақиқа дастаҳо то охир мубориза бурданд. Мо аз ҳисоби натиҷаи бозии аввал, ки иштибоҳ кардему ғалабаро ба  “Ювентус” тӯҳфа намудем, ба даври дигар набаромадем. Мо кӯшиш кардем, ки то охир гол занем, агар метавонистем, пас барои онҳо мушкил мешуд. Вақте хато мекунед, бояд кӯшиш кунед, ки аз онҳо ибрат гирифта, аз нав корро сар кунед. Мо бояд барои ба даст овардани натиҷаи дилхоҳ корро давом диҳем, аммо ин ҳанӯз ҳам то охир амалӣ намешавад. Сафар нав оғоз ёфт, мо аз хатогиҳо дарс мегирем ва корамонро идома медиҳем. Аммо “Интер” эътимоди худро барқарор кард. Рақибон аз мо метарсанд ва имрӯз мо “Ювентус”-ро тарсонидем”, иқрор шудааст Конте.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив