LIVE

«Барселона» бидуни сарвонҳои дастааш ба Италия сафар мекунад

Бошгоҳи «Барселона» ҳайаташро барои бозии охирини марҳилаи гурӯҳи Лигаи Чемпионҳо бар зидди «Интер» муайян кард.

Сарвонҳои даста – Лионел Месси ва Жерар Пике дар ин бозӣ иштирок намекунанд.



«Интер» бо «Барселона» 10-уми декабр вомехӯранд. Дар Олмон бошад, «Боруссия Дортмунд» бо «Славия»-и Прага рӯ ба рӯ мешавад.

  • Пас аз панҷ давр «Барса» 11 имтиёзро ба даст оварда, ҷои якумро соҳиб шудааст.
  • Барои ҷои дуюм «Интер» ва «Боруссия» мубориза мебаранд: дар ҳолати ба даст овардани имтиёзҳои якхела, бо тафовути вохӯриҳои инфиродӣ итолиёвиҳо ба даври минбаъда роҳ меёбанд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив