LIVE

Пике рафтани худро аз футбол эълон кард

Ҳимоятгари "Барселона" Жерар Пике ба корномаи варзишии худ хотима мебахшад.  Дар ин бора футболбози 35-сола дар як навори кӯтоҳе хабар дод, ки он дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр кардааст.
 "Шумо (мухлисони Барса) ба ман ҳама чизро додед ва акнун, ки орзуҳои ин кӯдак амалӣ шуданд, ман мехоҳам ба шумо бигӯям, ки вақти бастани орзу расидааст.  Ман ҳамеша мегуфтам, ки пас аз "Барса" дастаи дигар нахоҳад буд ва ҳаминтавр ҳам мешавад.  Ин шанбе охирин бозии ман дар "Камп Ноу" хоҳад буд" гуфтааст Пике дар суханронии худ.
 Бозии охирини ӯ 5 ноябр дар варзишгоҳи хонагӣ бо тими "Алмерия" баргузор мешавад.  Ин вохӯрӣ охирин дар варзишгоҳи хонагӣ пеш аз таътили зимистона ва Ҷоми ҷаҳон 2022  Қатар хоҳад буд.
 Пике хатмкардаи "Барселона" аст.  Дар сохтори ин тимм испанӣ, ҳимоятгар фаъолияти футболи худро дар синни 10-солагӣ оғоз кардааст.  Аз соли 2004 то 2008 дар тими “Манчестер Юнайтед”-и Англия бозӣ карда, як маротиба дар мавсими 2006/2007 дар тими “Реал Сарагоса” ба иҷора бозӣ кардааст.
 Дар ҳайати каталониҳо ва дар тими миллии Испания Пике ҳама гуна ҷоизаҳои имконпазирро ба даст овард.
 Дар мавсими ҷорӣ дар Ла Лига ҳимоятгар панҷ бозӣ анҷом додааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив