LIVE

Бензема бори сеюм аст, ки ба дарвозаи “Осасуна” пеналти зада наметавонад

Ҳамлагари “Реал Мадрид” Карим Бензема дар соли 2022 ба дарвозаи “Осасуна” се пеналтӣ зада натавонист. Ёдовар мешавем, ки дар бозии даври 7-ум “Реал Мадрид” бо “Осасуна” бо ҳисоби 1:1 мусовӣ анҷом дод. Аллакай дар вақти иловагӣ фаронсавӣ натавонист пеналтиро ба самар расонад. Дар моҳи апрели соли 2022 Бензема дар як бозӣ бар зидди “Осасуна” ду пеналтиро иҷро карда натавонист.
Бензема дар мавсими имсола дар Ла Лига панҷ бозӣ анҷом дода, ба задани 3 гол ва як ассист ноил шудааст.
«Реал Мадрид» 19 имтиёз ба даст оварда, ба зинаи дуюми ҷадвали мусобиқа боқӣ монд. “Осасуна” бо 13 имтиёз дар ҷои ҳафтум аст. «Барселона» бо 19 имтиёз дар садри ҷадвал қарор дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив