LIVE

Бензема ба зинаи 5-ум баромад

Бозии “Реал Мадрид” бо “Валенсия” муҷалло ва диданӣ сурат гирифт. Карим Бензема дар ду маврид ба задани гол даст ёфта, дар ҳисобаш дублро сабт сохт. Як голи дигарро Марко Асенсио ба номи худ муҳр зад. Футболбози фаронсавӣ - Бензема бо назардошти нишондиҳандаҳо дар ҳама мусобиқаҳо бо пироҳани “Реал Мадрид” шумораи голҳояшро ба 243 адад расонид. Ин форвард дар рӯйхати ҳамлаварони беҳтарин дар таърихи бошгоҳ ба ҷои 5-ум баромад. Ҳамин тариқ дастаи “Реал” бо тафовути 2 имтиёз аз “Барселона” дар зинаи дуюми ҷадвали Ла Лига қарор гирифт. «Валенсия» бошад, дар ҷои 8-ум мавқеъ дорад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив