LIVE

Карим Бензема ва Эден Азар кай ба майдон бармегарданд?

Карим Бензема ва Эден Азар ҷароҳат бардошта буданд, ки иштироки онҳо дар бозиҳои муҳими Лигаи Чемпионҳо ва ҳатто класико зери шубҳа буд. Бензема дар бозии марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо бо Селтик маҷрӯҳ шуд ва дар дерби Мадрид иштирок накард. Азар дар бозии Белгия бо Нидерландия ҷароҳат бардошт ва дар дақиқаи 60-уми бозӣ иваз карда шуд.

Аммо мухлисони "Реал Мадрид" метавонанд ором бошанд: рӯзноманигорони испанӣ гузориш медиҳанд, ки бозигарон ба зудӣ ба майдон бармегарданд.

Эду Агирре иддао дорад, ки Бензема аллакай пурра шифо ёфтааст ва ба вохӯрӣ бо "Осасуна", ки 2 октябр баргузор мешавад, омода хоҳад шуд.

Ба гуфтаи хабарнигор Марио Кортегана, осеби Азар ҷиддӣ нест, аз ин рӯ, интизор меравад, ки футболбози белгиягӣ низ дар бозии "Осасуна" ширкат кунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив