LIVE

Модрич номи худро дар таърихи Лигаи Чемпионҳо сабт кард

Нимҳимоятгари дастаи “Реал Мадрид” Лука Модрич дар Лигаи Чемпионҳо рекорди нав гузошт.
 Футболбози хорватӣ дар бозии даври 6-уми марҳилаи гурӯҳӣ бо тими «Селтик» (6:1) дар синни 37 солу 54-рӯза зарбаи 11-метра зад.  Ҳамин тариқ, Лука куҳансолтарин бозигаре шуд, ки дар Лигаи Чемпионҳо пеналтиро ба самар расонид. 
Рекорди қаблӣ дар исми ҳамлагари “Лилл” Бурак Йилмаз  сабт шуда буд. Футболкори турк дар синни 36 солу 244 рӯзӣ ба дарвозаи “Челси” гол зада буд (1:2). 
 Клуби шоҳона дар гурӯҳи F ҷои аввалро гирифт. Шогирдони Карло Анчелотти дар шаш бозӣ 13 имтиёз ба даст оварданд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив