Ҳамлагари "Пари Сен-Жермен" Килиан Мбаппе пас аз ғалабаи бузург бар "Брюгге" (4:1) дар Лигаи қаҳрамонҳо дар саҳифаи инстаграмаш хабареро интишор намуд.
"Боз як шаби фавқулода дар Лигаи чемпионҳо",- навиштааст ҳамлагари фаронсавӣ дар Instagram-и худ.
Дар ин вохӯрӣ фаронсавӣ дубл анҷом дод. Ӯ тавонист голи 30-уми худро дар Лигаи чемпионҳо ба самар расонид. Мбаппе дар синни 22 солу 352 рӯзагиаш ба ин нишондод расид. Ҳамин тариқ, Мбаппе ҷавонтарин бозигар шуд, ки дар Лигаи чемпионҳо 30 маротиба гол задааст. Ӯ рекорди ҳамлагари "ПСЖ" Лионел Мессиро, ки дар синни 23 солу 131 рӯзагиаш ба ин нишондод расида буд, шикаст дод.