LIVE

Дастоварди таърихии Модрич дар ҳайати тими миллии Хорватия

Дирӯз, 25-уми сентябр, дар варзишгоҳи "Эрнст Ҳаппел"-и шаҳри Вена бозии даври 6-уми Лигаи Миллатҳои УЕФА дар гурӯҳи 1 баргузор шуд, ки дар он дастаҳои Австрия ва Хорватия вохӯрданд. Вохӯрӣ бо ҳисоби 3:1 ба фоидаи Хорватия поён ёфт. 

Ҳисоб дар бозӣ дар дақиқаи шашум боз шуд: Лука Модрич гол зад. Ин гол ба хорватӣ имкон дод, ки дар мунтахаби кишвараш дастоварди таърихӣ сабт намояд. Модрич калонсолтарин голзан дар таърихи тими миллии Хорватия гардид. Нимҳимоятгар дар синни 37 солу 16 рӯзагиаш гол зад. Рекорди қаблии синну солро Нико Ковач дошт, ки ӯ дар синни 36 солу 327 рӯз гол зада буд.

Ёдовар мешавем, ки ду голи дигари мунтахаби Хорватия дар бозии дирӯзаро Марко Ливайя ва Деян Ловрен ба самар расониданд. Голи австриягиҳоро Кристоф Баумгартнер зад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив