LIVE

"Реал" бо Лука Модрич шартномаи нав мебандад

Ниммуҳофизатгари мунтахаби Хорватия моҳи март бо мадридиҳо то моҳи июни соли 2022 шартномаи нав имзо кард, аммо ҳоло ҷонибҳо омодаанд, ки шартномаро барои як мавсими дигар, то соли 2023 тамдид кунанд.
Модрич аз соли 2012 дар ҳайати «Реал Мадрид» бозӣ мекунад. Дар ҳайати мадридиҳо, ӯ чор маротиба дар Лигаи Чемпионҳо ғолиб омад ва ду маротиба қаҳрамони Испания гардид.
Дар мавсими ҷорӣ Модричи 36-сола дар 11 бозии тими “Реал Мадрид” ширкат варзида, 3 партофти головар кардааст.
Дирӯз Модрич ба тими миллии Хорватия кумак кард, то ба Ҷоми ҷаҳонии футбол-2022 роҳ ёбад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив