LIVE

Модрич бори 10-ум дар Хорватия бозигари сол шуд

Нимҳимоятгари тими “Реал Мадрид” Лука Модрич барои бори 10-ум футболбози сол дар Хорватия дониста шуд. Ба иттилои манбаъ, бозигарb мазкур бори 10-ум дар карераи худ ва бори 6-ум паиҳам ин ҷомро ба даст овард. Дар мавсими ҷорӣ нимҳимоятгар қаҳрамони Испания шуд, ғолиби Лигаи қаҳрамонҳо ва Суперҷоми Испания гардид. Беҳтарин дарвозабони Хорватия дар ин мавсим Доминик Ливакович буд, ки «Динамо Загреб»-ро ҳимоя мекунад. 
“Реал” бо  Модрич барои як соли дигар шартномаи нав баст.  Шартномаи нав то 30 июни соли 2023 амал мекунад. Модрич дар ин мавсим дар ҳайати “Реал Мадрид” дар тамоми мусобиқаҳо 45 бозӣ анҷом дода, ба задани 3 гол ва 12 партофти головар даст ёфтааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив