LIVE

Месси бори ҳафтум пайиҳам аз ҷоизаи ЛЧ бенасиб мемонад

Ҳамлагари 34-солаи аргентинии «Пари Сен-Жермен»   Лионел Месси натавонист марҳилаи 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА-ро паси сар кунад. ПСЖ дар бозии ҷавобии даври мазкур аз «Реал Мадрид» шикаст хӯрд (1:3).

Месси пеш аз оғози мавсими 2021/2022 бозигари ПСЖ шуд. Дар мавсими гузашта ӯ дар ҳайати «Барселона» бозӣ карда буд, ки бо ӯ дар марҳилаи 1/8 финалӣ аз ПСЖ мағлуб шуда буд. Дар ҳамин ҳол, Лионел 7 сол паиҳам ба финали Лигаи Чемпионҳо роҳ наёфтааст.
Месси дар ин мавсим дар тамоми мусобиқаҳо 25 бозӣ анҷом дода, ба задани 7 гол ва 11 партофти головар даст ёфтааст. Шартномаи ӯ бо ПСЖ то 30 июни соли 2023 амал мекунад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив