LIVE

Месси паиҳам 9 бозӣ ба дарвозаи “Реал” гол зада наметавонад

Ҳамлагари 34-солаи аргентинии тими “Пари Сен-Жермен”-и фаронсавӣ Лионел Месси дар даври 1/8 ниҳоии Лигаи қаҳрамонҳои УЕФА ба дарвозаи “Реал Мадрид” гол зада натавонист. Дастаи ӯ дар бозии ҷавобӣ аз бошгоҳи мадридӣ шикаст хӯрд ва аз идомаи мубориза барои баромад ба даври ¼ ниҳоӣ бенасиб монд. 
Месси дар  9 бозии охир паиҳам ба дарвозаи «Реал Мадрид» гол назадааст. Бори охир ҳамлагар соли 2018 дар ҳайати «Барселона» ба дарвозаи мадридиҳо голзанӣ карда буд. Дар ин 9 бозӣ ӯ низ ягон ассист надорад. Дар маҷмуъ Месси 47 бозӣ бар муқобили  “Реал Мадрид”  26 гол зада, 14 партофти головар кардааст. 
Месси пеш аз оғози мавсими 2021/2022 бозигари ПСЖ шуд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив