LIVE

Модрич ният дорад дар ҳайати Хорватия то Евро-2024 бозӣ кунад

Нимҳимоятгари 37-солаи тими “Реал Мадрид” Лука Модрич, ният дорад, ки то Чемпионати Аврупо-2024 дар ҳайати тими миллии Хорватия бозӣ кунад.
 Дар ин бора Зоран Бахтиярович, пизишки тими миллии Хорватия, ки  баъд аз 30 соли фаъолият мунтахабро тарк намуд, хабар додааст.
«30 сол мухлати калон аст. Ман нақша доштам, ки вақте Лука Модрич ва насли калонсол бо тими миллӣ видоъ кунанд, тарк кунам, то рафтани ман камтар мушоҳида шавад. Аммо Лука тасмим гирифт, ки то Евро-2024 дар тими миллӣ бимонад ва интизори ин лаҳза бароям душвор хоҳад буд. Бо вуҷуди ин, аллакай мураббӣ ба ман ваъда дод, ки аз Қатар бароям як медал меоред». – гуфтааст Бахтиярович.
Ёдовар мешавем, ки Модрич аз соли 2006 дар тими миллии Хорватия бозӣ мекунад. Лука инчунин бо 152 бозӣ дар тими миллӣ рекордгузор мебошад. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив