LIVE

Аввалин шикасти "Реал" дар мавсим

«Реал Мадрид» дар бозии даври 5-уми марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо аз тими «Лейптсиг» (2:3) шикаст хӯрд.  Ин аввалин нокомии мадридиҳо дар мавсими имсола буда, "Реал" дар тамоми сабқатҳо 17 бозӣ анҷом додааст.  Бохти охирин дар бозиҳои расмӣ дастаи Карло Анчелотти рӯзи 8 май дар бозӣ бо «Атлетико Мадрид» (0:1) ба қайд гирифта шуда буд.  Хамин тавр, «Лейптсиг» роҳи бебохти «Реал»-ро, ки 20 вохӯриро ташкил дод, катъ кард.  Дар мавсими имсолаи чемпионати Испания "Реал" дар 11 бозӣ 31 имтиёз ба даст оварда, аз «Барселона» се имтиёз бештар дорад.  Дар Лигаи Чемпионҳо «Реал Мадрид» бо 10 имтиёз дар гурӯҳи «F» пешсаф аст ва пеш аз мӯҳлат ба плей-офф роҳ ёфт.  Ба ҷуз аз испанию олмониҳо, «Шахтёр» ва «Селтик» ба ин гурӯҳ шомиланд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив