LIVE

"Реал" 10-умин пирӯзии пайиҳамашро ба даст овард

«Реал Мадрид» дар варзишгоҳи «Сантяго Бернабеу»-и Мадрид дар доираи даври 17-уми чемпионати Испания «Атлетико»-ро қабул кард. Дар ин вохӯрӣ мизбонон бо хисоби 2:0 ғалаба карданд.

Барои «дастаи шоҳона» ин 10-умин пирӯзии пайиҳам дар тамоми мусобиқаҳо буд – дар ин муддат онҳо ба дарвозаи рақибон 22 гол зада, ҳамагӣ 5 гол сар доданд. Зимнан, дар 13 вохӯрии охир онҳо танҳо як маротиба бо «Осасуна» дуранг (0:0) карданд ва дар тамоми бозиҳои дигар ба пирӯзӣ даст ёфтанд.

"Реал Мадрид" дар 17 бозӣ 42 хол ба даст оварда, дар ҷадвали Ла лигаи Испания дар ҷои 1-ум қарор дорад. Чемпиони феълии Испания «Атлетико» мебошад.
Марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо дар мавсими 2021/2022 «Реал Мадрид» дар 6 давр 15 имтиёз ба даст оварда, бар дастаҳое чун «Интер» (10), "Шериф"-и Молдова (7) ва «Шахтёр» (2) ғолиб омада, аз  ҷойи аввал ба марҳилаи баъдӣ баромад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив