LIVE

Яхшибоев:"Ман ҳатто тасаввур намекардам, ки ба дарвозаи "Реал" гол мезанам"

Нимҳимоятгари “Шериф” Ҷасурбек Яхшибоев таассуроти худро аз голи задааш дар бозии марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳои УЕФА 2021/2022 бо “Реал Мадрид”  (2:1) иброз кард.
“Ман аз хурдӣ орзуи бо “Реал” бозӣ карданро доштам.  Ман мехостам гол занам, аммо  ҳеҷ тасаввур намекардам, ки ин корро карда метавонам ”,- гуфт Яхшибоев. 
“Шериф” дар 2 бозӣ 6 имтиёз ба даст оварда, дар ҷадвали гурӯҳи D дар зинаи якум  ҷойгир аст. Дар даври баъдӣ “Шериф” бо “Интер” бозӣ мекунад ва “Шахтёр” бо “Реал Мадрид” вомехӯрад. Ҳарду вохӯрӣ 19 октябр баргузор мешаванд.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив