LIVE

Рекорди таърихии Рамос дар “Реал”

Дар бозии даври 3-юми марҳилаи гурӯҳии Лигаи чемпионҳо “Реал”дар майдони худ “Интер”-ро қабул кард. Вохӯрӣ дар варзишгоҳи "Алфредо ди Стефано" -и Мадрид баргузор шуд ва бо пирӯзии мизбонон бо ҳисоби 3:2 хотима ёфт. Яке аз голҳои “Реал Мадрид”-ро дар ин вохӯрӣ ҳимоятгар Серхио Рамос зад. Барои муҳофизатгари испанӣ дар  ҳайати тими шоҳона ин гол 100-умин  маҳсуб меёбад.
Рамос аз соли 2005 инҷониб шарафи Реалро ҳимоя мекунад ва пеш аз он дар дастаи "Севиля" бозӣ кардааст. Бо “Реал Мадрид” футболбоз то имрӯз 22 ҷомро ба даст овардааст, аз ҷумла чор пирӯзӣ дар Лигаи Чемпионҳо ва панҷ унвони қаҳрамонии Испания.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив