LIVE

Мбаппе боз як рекорди Мессиро бекор кард

Ҳамлагари ПСЖ Килиан Мбаппе ҷавонтарин бозигаре шуд, ки ба задани 40 гол даст ёфтааст. 

Ин форварди фаронсавӣ дар синни 23 солу 10 моҳу 13 рӯзагиаш ба ин дастовард муваффақ шуд. Бо ин нишондод Мбаппе рекорди ҳамдастаа, ҳамлагари аргентинӣ Лионел Мессиро, ки дар Лигаи Чемпионҳо дар синни 24 солагӣ 4 моҳу ҳашт рӯз ба задани 40 гол зада буд, бекор кард.

Ёдовар мешавем, ки ПСЖ дар даври ниҳоии марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо бар "Ювентус" пирӯз шуд. Дар ҷамъбасти марҳилаи гурӯҳӣ даста бо 14 имтиёз дар зинаи дуюм қарор гирифт.
Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи Чемпионҳо дар мавсими ҷорӣ Мбаппе шаш бозӣ анҷом дода, ҳафт гол задааст.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив