LIVE

Боз як ситораи тими миллии Фаронса ба ҶҶ-2022 намеравад

Агенти нимҳимоятгари дастаи «Ювентус» Пол Погба,  Рафаэла Пимента тасдиқ кард, ки Погба дар Ҷоми ҷаҳонии футбол Қатар-2022 дар ҳайати тими миллии Фаронса бозӣ намекунад.  "Пол мехост, ки ҳарчӣ зудтар баргардад, аммо ӯ бояд сабр кунад, дар ин рӯзҳои душвор ҷиддӣ кор кунад, то зудтар ба ҳайат баргардад",- гуфт  Пимента. Ёдовар мешавем, ки футболбози 29-солаи фаронсавӣ дар мавсими имсола ба далели осеб боре ҳам дар бозиҳои расмӣ вориди майдон нашудааст. Як рӯз пеш Погба дар ҷараёни тамринҳо дубора ҷароҳат бардошт.  Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар аз 20 ноябр то 18 декабри соли 2022 баргузор мешавад. Ёдовар мешавем, ки Пол Погба дар ҳайати яккачини Фаронса соли 2018 қаҳрамони ҷаҳон гардида буд. 

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив