LIVE

ФИФА Тунисро аз Ҷоми Ҷаҳон маҳрум карданист

Бино ба гузориши Би-би-сӣ, тими миллии Тунис метавонад аз ширкат дар Ҷоми ҷаҳонии футбол Қатар - 2022 маҳрум карда шавад.  Ба гуфтаи ин манбаъ, мумкин аст тими миллии кишвар ба далели дахолати давлат ба футбол аз мусобиқот хориҷ шавад.  Вазири ҷавонон ва варзиши Тунис Камел Дегиче ишора кардааст, ки метавонад Федератсияи футболи Тунисро пароканда кунад.  ФИФА изҳороти ӯро кӯшиши мудохила ба фаъолияти федератсияи футболи кишвар дониста, хостори тавзеҳот шуд.  Дастаи Тунис дар Ҷоми ҷаҳонии соли 2022 дар як гурӯҳ бо Дания, Австралия ва Фаронса бозӣ мекунад.  Ҷоми ҷаҳонии футбол дар Қатар аз 20 ноябр то 18 декабр баргузор мешавад.  Дар мусобиқа 32 даста ширкат мекунад.  Ғолиби феълии ин мусобиқа тими миллии Фаронса мебошад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив