LIVE

ФИФА имкони ба вақти дигар гузаронидани Қатар-2022-ро баррасӣ дорад

Ба иттилои Olé, ФИФА метавонад санаи оғози Ҷоми ҷаҳонии 2022-ро, ки дар Қатар баргузор мешавад, иваз кунад.

Ёдовар мешавем, ки бозии ифтитоҳии мусобиқот миёни дастаҳои мунтахаби Қатар ва Эквадор 21 ноябр дар назар аст. ФИФА имкони иваз намудани  бозии ифтитоҳиро ба 20 ноябр баррасӣ мекунад. Қарори ниҳоӣ оид ба ин масъала дар ҷараёни овоздиҳӣ байни президенти ФИФА Ҷанни Инфантино ва сарони шаш конфедератсияи футбол (УЕФА, КОНМЕБОЛ, КОНКАКАФ,  КАФ, КФО ва ОФК) қабул хоҳад шуд.

Тибқи нақша Ҷоми ҷаҳонии соли 2022 дар Қатар бояд аз 21 ноябр то 18 декабр баргузор шавад.

Next Post

Оставить комментарий

Кликните на изображение чтобы обновить код, если он неразборчив